Аз нишастҳои матбуотӣ

«Тоҷикматлубот» фаъолиятро бо фоида ҷамъбаст кард

№98 (4838) 12.08.2024

7Даромади Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар нимсолаи аввали соли 2024 ба 48,8 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 285 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора муовини раиси «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонализода 30-юми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, аз ҳама намуди фаъолият 7 миллиону 41 ҳазор сомонӣ фоида ба даст омадааст.

Иттилоъ гирифтем, ки дар соҳа 61 бозор фаъолият дошта, 15647 ҷойи нишаст доранд. Дар бозор ва дигар корхонаву хоҷагиҳои кооператсияи матлубот 20 500 нафар фаъолият доранд.

Зикр шуд, ки дар тавозуни «Тоҷикматлубот» 32 анбор бо масоҳати 32928 метри мураббаъ ва 3 сардхона бо ғунҷоиши 2100 тонна фаъолият доранд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»