- Дар ноҳияи Тоҷикобод нимсолаи аввали соли равон дар 21 га боғи нав бунёд, 8 гектар боғҳои куҳна барқарор ва дар 5281 га кишти баҳорӣ гузаронида шуд, — гуфт раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода дар нишасти матбуотӣ.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 62 миллиону 914,5 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли гузашта 2 миллиону 617,6 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 101 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз шумораи умумӣ 40 иншоот ба истифода дода шуда, дар боқимонда корҳо идома доранд. Иншооти мазкур аз 8 корхонаи саноатӣ, 7 бинои таълимӣ, 14 маркази саломатию бунгоҳи тиббӣ, 3 муассисаи фарҳангӣ, 3 иншооти варзишӣ, 2 сайёҳӣ, таъмири роҳҳо, 5 хонаи истиқоматӣ, 2 бинои маъмурӣ ва 45 иншооти самти хизматрасонӣ иборат аст.
- Боварӣ дорем, ки дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкорона ва иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Пешвои миллат метавонем ноҳияи Тоҷикободро ба қатори ноҳияҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ ворид намоем, — гуфт дар фарҷом раиси ноҳия.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»