Аз нишастҳои матбуотӣ

«Тоҷикстандарт». Нишондиҳандаҳо аз фаъолияти пурмаҳсул шаҳодат медиҳанд

№95 (4357) 22.07.2021

IMG_7619Ҳифзи бозори истеъмолӣ, такмили малакаи кормандон, фаъолияти озмоишгоҳҳо, сатҳу сифати корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақдири минбаъдаи маҳсулоти ғайристандартии ошкоршуда аз мавзӯъҳои меҳварии нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт» буд. Дар он, ки 19 июли соли 2021 баргузор гардид, директори агентӣ Темурҷон Абдулваҳҳобзода якҷо бо зердастон ба саволҳои журналистон посухҳои муфассали бо далелу рақам асос­нокшуда доданд.

Бо истинод ба факту арқоми пешниҳодгардида метавон гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ фаъолияти кормандони агентӣ қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Зеро маълум гардид, ки мутахассисон дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ 274 005 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯнабударо ошкор кардаанд.

Зимни раддабандии маҳсулот зикр шуд, ки 26068 килограмм аз лиҳози бехатарӣ ва 247937 килограмм аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд.

Инчунин, дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти хӯроквории Агентии «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 122 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 6022 кг равғани рустанӣ, беш аз 4 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ, 1555 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 1500 кг маҳсулоти қаннодӣ, 20056 кг маҳсулоти нонӣ, 18 ҳазор кг маҳсулоти ширӣ, 40151 кг консерва, 80 кг иловагиҳои ғизоӣ, 5214 кг қанд, набот ва асал, 31016 кг намак, 36 ҳазор дона тухм ғайристандартӣ эътироф шуда, мутобиқи тартиби муқарраргардида, нисбат ба субъектҳои хоҷагидор чораандешӣ шуд.

Илова ба ин, кормандони «Тоҷикстандарт» бо роҳбарони бозорҳо оид ба риояи қоидаҳои савдо, хизматрасонӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вохӯрӣ гузаронида, онҳоро вазифадор намудаанд, ки фурӯшандагон ва ҳайати хизматрасонро бо либоси махсуси корӣ ва нишони сарисинагӣ таъмин намоянд.

Далер Мерганов,

«Садои мардум»