Аз нишастҳои матбуотӣ

«Тоҷиксуғурта» 2 422,2 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт кард

№88 (4194) 21.07.2020

DSC_0546Дар шаш моҳи соли ҷорӣ КВД «Тоҷиксуғурта» бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ 301 ҳазору 689 шартнома ба имзо расонид.

Ин нуктаро муовини якуми директори КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев 20 июл зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Бино  ба гуфти ӯ, аз ҳисоби шартномаҳо дар маҷмӯъ беш аз 13,9 миллион сомонӣ  ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид, ки аз он 3,8 миллион сомонӣ ё 27,3 дарсад ба суғуртаи ҳатмӣ ва 10,1 миллион сомонӣ ё 72,7 дарсад ба суғуртаи ихтиёрӣ рост меояд.

- Корхона дар нимсолаи аввал ба 5 ҳазору 439 зарардида 2 миллиону 422,2 ҳазор сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд, ки 17,4 дарсади маблағи умумии воридгардидаро ташкил дод.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»