- КВД «Тоҷиксуғурта» дорои 63 филиалу 6 намояндагӣ буда, хизматрасониро аз рӯи 22 намуди суғурта ба роҳ монда дар дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои он 620 нафар фаъолият мекунанд, ки 37 фоизро занон ташкил мекунанд. Дар нимсолаи аввали соли 2022 дар маҷмӯъ 236 ҳазору 896 шартномаи суғуртавӣ ба имзо расида, аз он 6 ҳазору 466 шартнома бо шахсони ҳуқуқӣ ва 230 ҳазору 430 шартнома бо шахсони воқеӣ буда, 10 ҳазору 630 шартнома аз ҳисоби намудҳои ҳатмӣ ва 226 ҳазору 266 адад аз ҳисоби намудҳои ихтиёрии суғурта мебошад. Аз шартномаҳои басташуда 22 миллиону 217 ҳазор сомонӣ маблағи ҳаққи суғуртавӣ ворид гардида, нақшаи пешбинишуда 143 дарсад иҷро шуд, — гуфт муовини якуми директори генералии корхона Абдулло Абдуллоев, дар нишасти матбуотие, ки 21 июли соли 2022 баргузор гардид.
Маблағи воридгардида нисбат ба нақшаи пешбинигардида 6 миллиону 663 ҳазор ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 207 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Корхона дар давраи мавриди назар ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ки молу амвол ва саломатиашон зарар дидааст, 3 миллиону 82 ҳазор сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд, ки аз он 3 миллиону 10 ҳазор ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд.
Дар нимсолаи аввали соли 2022 корхона 3 миллиону 148 ҳазор сомонӣ маблағҳои озоди худро ҳамчун пасандоз ба бонк гузошт. Ҳоло пасандозҳои бонкии корхона 9 миллиону 332 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Масъулин иттилоъ доданд, ки барои нимсолаи дуюми соли 2022 нақшаи воридоти ҳақи суғуртавӣ аз рӯи ҳамаи намудҳои суғурта 17 миллиону 42 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»