Аз нишастҳои матбуотӣ

«Тоҷиксуғурта» ба 2761 зарардида 2 миллиону 409 ҳазор сомонӣ намуд

№90 (4040) 25.07.2019

DSC_0234Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷиксуғурта» дар шаш моҳи аввали соли равон ба 2761 зарардида ҷуб­рони суғуртавӣ ба маблағи 2 миллиону 409 ҳазор сомонӣ пардохт кард. Ин нуктаро директори генералии корхона Шуҳрат Мақсудзода 22 июли соли 2019 зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.

Ин маблағ 13,5 дарсади маб­лағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардидаро ташкил медиҳад.  Ӯ инчунин, ёдовар шуд, ки дар давраи зикршуда  17 миллиону 842 ҳазору 200 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардида, нақша 111,1 дарсад таъмин шуд. Аз маблағҳои умумии ҳаққи суғуртавии воридгардида  39,1 дарсад ба суғуртаи ҳатмӣ ва 60,9 дарсад ба суғуртаи ихтиёрӣ рост меояд.

Новобаста аз шиддат гирифтани рақобат дар бозори суғурта  КВД «Тоҷиксуғурта»  мавқеи устувор дошта, аз рӯйи воридоти ҳаққи суғуртавӣ дар ҷойи дуюм ва аз рӯйи пардохти маблағи товони зарар дар ҷойи аввал қарор дорад.

Аз маблағи умумии товони зарар 31,4 дарсад ба суғуртаи ихтиёрии ҳаёт, 30,5-суғуртаи амволи шаҳрвандон, 23,1-суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаи нақлиёт, 7,5-суғуртаи ихтиёрии ҳодисаҳои нохуш ва 7,5 дарсад ба дигар намудҳо рост меояд.

Айни замон уҳдадории суғуртавии корхона 950 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»