Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки соли 2024 бо мақсади тоза нигоҳ доштани манбаъҳои об ва маҳаллаҳои аҳолинишин, инчунин, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ 1604 аксияи «Тозагии соҳил», 2709 аксияи «Тозагии маҳал» ва 2275 аксияи «Тозагии шоҳроҳ» баргузор гардид.
Зикр гардид, ки бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти кишварамон 4300 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуд.
- Тибқи маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 ба ҷои 2 миллиону 418 ҳазору 696 бех 3 миллиону 139 ҳазору 504 ниҳол шинонида шуд. Инчунин, бо мақсади ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 14 миллиону 568 ҳазору 860 бех гулу буттаҳо шинонида шуда, 266 ҳазору 647 метри мукааб майсазор гардид,- иброз намуд Баҳодур Шерализода.
Таъкид шуд, ки тибқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 2 миллиард бех ниҳоли дарахти гуногун шинонида мешавад.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»