Аз нишастҳои матбуотӣ

ТВ «Бадахшон» ба формати HD гузашт

№19 (4915) 10.02.2025

МашхурТелевизиони минтақии «Бадахшон» ҳам ба формати дақиқияташ баланди HD гузашт, ки ин рӯйдод дар таърихи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал аст.

Дар ин хусус сардори идораи телевизион ва радиои ВМКБ Тоҷинисои Файзуллобек зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, зикр намуд, ки маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми неку созанда амалӣ гардид ва дастгоҳу таҷҳизот барои гузариш ба сифати муосиру меъёрҳои байналмилалии HD аз ширкатҳои бонуфузи пешрафтаи ҷаҳон дастрас шуд. Гузариш ба шакли HD имконият медиҳад, ки минбаъд хабару гузориш ва барномаҳо тариқи телевизиони «Бадахшон» бо сатҳу сифати баланди садою симо ва мутобиқ ба талаботи замон пешкаши тамошобинон шаванд.

Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ба телевизиони маҳаллӣ иловатан ду танзимгоҳи замонавӣ, ду камераи 4 КА, таҷҳизоти муосири бандубаст ва равшанидиҳанда низ дастрас шудааст.

- Телевизиони «Бадахшон» дар таҳияву пахши барномаҳои гуногунжанр, инчунин, пешниҳоди ахбор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва анг­лисӣ минбаъд роҳу усулҳои навро истифода намуда, дар тарғиби сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат нақши бештар мегузорад, — тавзеҳ дод сардори идораи телевизион ва радиои ВМКБ.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»