Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ роҷеъ ба «Фалак»-ро ба Юнеско мефиристанд

№98 (4360) 29.07.2021

DSC_644526 июли соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд. Вазири он Зулфия Давлатзода қайд намуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2021 дар 18 театри касбии кишвар 17 асари нав рӯи саҳна омад. Аз ин шумора, ба театрҳои пойтахт 5 намоиш ва музофот 12 намоиш рост меояд. Бар илова, муассисаҳои консертӣ дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, пазироии меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуданд.

Аз 24 март то 4 апрели соли 2021 дар аморати Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб Фестивали байналмилалии мероси Шориқа доир гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он ансамбли рақсии «Парасту» ва гурӯҳи мутрибони созҳои миллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев муаррифӣ намуданд.

- Дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳанги халқи тоҷик барои солҳои 2021 — 2025» Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» баргузор шуда истодааст. Даври аввали он дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъбаст гардид. Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияҳои Рӯшон ва Ишкошим, Хатлон — Ҷайҳун, Муъминобод, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон, Восеъ, Суғд — шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — Ваҳдат, Роғун, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Файзобод, Рашт, Тоҷикобод ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Даври ниҳоии фестивал — озмун моҳи август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мешавад, — иброз дошт вазири фарҳанг.

Аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳамкорӣ бо Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои «Рубоб» (ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Ҷашни Сада» (ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон), «Кашидадӯзӣ» (ҳамроҳ бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон), «Латифаҳои Насриддин Афандӣ» (ҳамроҳ бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) омода гашта, ба ЮНЕСКО фиристода шуд. Айни замон таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ роҷеъ ба «Фалак» омода гардида, дар рӯзҳои наздик ба ЮНЕСКО ирсол мешавад.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»