То ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бунёди 130 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 12 корхонаи саноатӣ мебошад.
Тавре раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 2 августи соли ҷорӣ баргузор гардид, иттилоъ дод, соли ҷорӣ 20 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Соли равон дар ноҳия се корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд ва дар шаш моҳи оянда бояд боз панҷ корхона ба истифода дода шавад.
Инчунин, дар деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳия бунёди калонтарин корхонаи истеҳсоли семент ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 5 ҳазор тоннаро дар бар мегирад. Баъд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он зиёда аз ду ҳазор сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»