- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 — 2022», «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2023», «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар стратегияю барномаҳои давлатӣ буда, ҷиҳати иҷрои онҳо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо пайваста тадбирҳои муассир меандешанд, — гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода 29 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.
Баҳри дастгирии соҳибкории занон мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021 таҳти №5 «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 — 2025» аз 332 лоиҳаи воридгардида 80 лоиҳа ба маблағи 2 млн. сомонӣ дастгирӣ ёфтанд.
Оид ба зӯроварӣ дар оила 1532 ариза ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 60 ҳолат кам аст. Хушунат нисбат ба занон 230 ҳолатро ташкил дод, ки дар муқоиса ба 6 моҳи соли 2020 80 ҳолат кам аст.
Бекоршавии ақди никоҳ яке аз масъалаҳои рӯзмарра боқӣ монда, дар шаш моҳи аввали соли равон 6476 ҳолатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 990 ҳолат зиёд аст.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»