Соли 2021 ба дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5437 мавод ворид ва дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ шуданд. Дар ин бора директори агентӣ Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ, ки 15 феврали соли равон баргузор шуд, иттилоъ дод.
- Муҳтавои асосии маводи аз тарафи мақомоти давлатӣ ба Агентии хизмати давлатӣ воридгардидаро ташкил, баргузорӣ ва ҷамъбасти озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, ташкили захираи кадрҳо, таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мансуб ба соҳаи хизмати давлатӣ ташкил медиҳанд,- зикр кард ӯ. Соли 2021 агентӣ лоиҳаи 18 санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуда, аз онҳо 7 лоиҳа қабул гардида, 11 лоиҳа дар баррасии мақомоти давлатии дахлдор қарор доранд.
Ба 47 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз мақомоти давлатӣ воридшуда хулосаҳои Агентии хизмати давлатӣ манзур гардид.
Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ аз натиҷаи ҳар семоҳа дархост, коркард, ҷамъбаст ва чораҷӯӣ мешавад, то 1 январи соли 2022 шумораи умумии хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 18701 нафар, занҳо 4518 нафар ё 24,1 фоиз, ҷавонони то 35 — сола 9128 нафар ё 48,8 фоиз, синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,1 солро ташкил медиҳад.
Дар заминаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония 3 — 5 октябри соли 2018 ҳамкориҳо бо Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) тақвият дода шуда, шумораи бурсияҳо дар курсҳои магистрии донишгоҳҳои Япония барои намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардид.
Барои солҳои таҳсили 2021 — 2022 ба магистратураи донишгоҳҳои Япония аз 62 довталаб 15 нафар ҳамчун довталаби муваффақ интихоб гардида, моҳи сентябри соли 2021 барои таҳсил ба Япония фиристода шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Барномаи KOICA низ ҳар сол хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар бахши магистратураи донишгоҳҳои Корея фаро гирифта мешаванд. Тибқи барномаи мазкур, солҳои 2015 -2021-ум 11 хизматчии давлатӣ ба Ҷумҳурии Корея фиристода шуда, 6 нафар таҳсилро ба итмом расонида, таҳсили 5 кас идома дорад.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»