Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар нишасти матбуотии кумита, ки 30 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, маълумот дод, ки таҳия ва ҳамгунсозии истилоҳот яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, барои ба низом даровардани истилоҳоти соҳаҳо дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот то ин давра 40 фарҳангномаи соҳавӣ, зиёда аз 23 ҳазор истилоҳи соҳаҳои ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, тиббӣ, техникӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ, биологӣ, нассоҷӣ, педагогӣ, нақлиёт, коргузорӣ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ таҳия ва қабул гардиданд.
Мушкилоте, ки дар роҳи рушд ва тавсеаи забони давлатӣ вуҷуд дорад, ба омилҳои гуногун вобастаанд. Аз он ҷумла, коркард нашудани низоми истилоҳоти соҳаҳои илму фан, техника ва истеҳсолот ба забони тоҷикӣ. Бисёре аз мутахассисони бахшҳои гуногун бо сабаби надонистани истилоҳот дар корбурди забони тоҷикӣ дар ин ё он соҳа ба душворӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин рӯ, кумита тасмим гирифтааст, ки «Феҳристи ягонаи истилоҳоти соҳавии забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарҳанги талаффузи сареҳ» ва «Қоидаҳои аломатҳои китобатӣ»-ро дар соли 2017 таҳия ва ба ҳамватанон пешниҳод намояд. Гавҳар Шарофзода, ҳамчунин аз тарҷумаи филмҳои бадеӣ изҳори нигаронӣ кард. Таъкид намуд, ки дар тарҷумаи баъзе филмҳо меъёри забони тоҷикӣ риоя намешавад. Мисоли мушаххаси ин ҳолат филми «Муллои замонавӣ» ва филми тасвирии «Паҳлавон ва бузбала» мебошад.
Уруни НАЗАР,«Садои мардум»