Аз нишастҳои матбуотӣ

Қурби асъори миллӣ устувор, вале 85 фоизи пул берун аз суратҳисоби бонкӣ аст

№27 (4610) 20.02.2023

БОНК МИЛДар нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 15-уми феврали соли ҷорӣ доир шуд, корманди рӯзнома ба раиси Бонки миллӣ ду савол дод. Аввал пурсида шуд, ки устувории қурби асъори миллӣ, бо назардошти зиёд будани таносуби воридоту содирот ба иқтисодиёти кишвар чӣ таъсир мерасонад ва дар ин раванд то кадом андоза интервенсия (мудохилаи асъорӣ) нақш дорад?

Раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода аз устувории қурби асъори миллӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъсири ин равандро ба иқтисодиёти мамлакат мусбат арзёбӣ намуд.

- Дар маҷмӯъ, ин нишондиҳанда дар сатҳи муътадил қарор дошта, нисбат ба асъори озод табдилшаванда ва шарикони савдо, аз ҷумла лираи Туркия 36,5 фоиз, рубли Беларус — 31,2, тангаи Қазоқистон — 16,7, юани Хитой — 15,9, евро — 14,9, сӯми — Ӯзбекистон 12,9, соми Қирғизистон — 10,7, доллари ИМА — 9,7 ва рубли русӣ 4,1 фоиз устувор гардид, — афзуд номбурда.

Вобаста ба мудохилаи асъорӣ зикр шуд, ки вобаста ба зарурат аз ин салоҳият, бо мақсади муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ Бонки миллӣ истифода карда истодааст. Барои мисол, дар фарҷоми соли гузашта ба маблағи 100 миллион сомонӣ мудохилаи асъорӣ сурат гирифт.

Саволи дуюм ба берун аз суратҳисоби бонкӣ қарор доштани қисми зиёди пул марбут буд. Раиси Бонки миллӣ мавҷудияти ин омилро эътироф намуда, зикр кард, ки ҳоло ин нишондиҳанда 85 фоизро ташкил медиҳад.

- Мо кӯшиш карда истодаем, ки он коҳиш ёбад, зеро тамоюли камшавиро касб намудани нишондиҳандаи мавриди таваҷҷуҳ ба рушди иқтисодиёт ва ғановати буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард. Супориши Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат, дар бобати он ки: «аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад», проблемаи мазкурро рафъ хоҳад кард. Вобаста ба ин, Бонки милливу Вазорати молия баҳри таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бетаъхир тадбир андешида истодаанд, — гуфт Ҳоким Холиқзода.

Маълум гардид, ки ҳоло дар кишвар 64 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 15 бонк, 20 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 26 фонди қарзии хурд фаъолият доранд. Раиси Бонки миллӣ аз он қаноатманд аст, ки дороӣ ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ то 31-уми декабри соли 2022 мутаносибан 30 млрд. сомонӣ ва 23,7 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли 2021-ум 34 ва 36,9 фоиз афзудаанд.

Бино ба гуфти масъулин, дар ин давра эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ тамоюли афзоишро касб намудааст. Масъалаи мазкурро шарҳу тавзеҳ дода, Ҳ. Холиқзода далел пеш овард, ки бақияи умумии пасандозҳо 15,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 5,3 млрд. сомонӣ ё 52,6 фоиз зиёд мебошад. Аз маблағи умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ 55,7 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 44,3 фоизро ташкил доданд, ки аз тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт шаҳодат медиҳад.

Чунин тамоюл дар раванди пешниҳоди қарз низ ба мушоҳида расида, ин нишондиҳанда дар соли 2022-юм 14,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2021-ум 700 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Агар ин рақамро раддабандӣ намоем, ба қарзӣ истеъмолӣ 39,0 фоиз, соҳаи кишоварзӣ — 16,9, савдои хориҷӣ — 14, саноат — 10,3 , хизматрасонӣ -10,2, сохтмон — 3,7, нақлиёт — 1,7 ва дигар соҳаҳо 4,2 фоиз рост меояд.

Дар раванди саволу ҷавоб иттилоъ гирифтем, ки ба соҳибкории истеҳсолӣ аз қарзҳои додашуда 36,6 фоиз марбут буда, 5,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар соли 2022 бо пули миллӣ 23,3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ бо пули миллӣ 0,6 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ кам аст.

Далели ҷолиби дигар, ки раиси Бонки миллӣ расонаӣ кард, ба натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар соли 2022 рабт дошт. Бино ба гуфти номбурда, ташкилотҳои мазкур фаъолиятро дар соли мавриди назар бо 1,2 млрд. сомонӣ фоида ҷамъбаст намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 1,1 млрд. сомонӣ зиёд аст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»