Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 2,7 фоиз устувор гардид. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз коҳиш ёфта буд.
Бо назардошти вазъи иқтисодии ҷаҳон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон, аз ҷумла лираи Туркия 11,7 фоиз, тангаи Қазоқистон — 3,7, сӯми Ӯзбекистон — 1,8 ва юани Чин 0,6 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфт.
- Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 ҷиҳати танзими пул дар муомилот, пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таварруми монетарӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 52 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнокро ба маблағи 3,0 миллиард сомонӣ баргузор кард. Дар ин давра аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағи озод ҷалб шуд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 982,7 миллион сомониро ташкил менамояд,- афзуд номбурда.
Таъкид гардид, ки дар мамлакат 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 бонк, бонки исломӣ, ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 25 фонди қарзии хурд фаъолият доранд. Ин муддат шумораи воҳидҳои сохтори ин ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 1899 адад расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 188 адад зиёд мебошад.
Аз қарзҳои дар ин давра додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 46,3 фоиз, саноат — 11,9, хизматрасонӣ — 7,1, сохтмон — 3,5 ва дигар соҳаҳо 2,6 фоиз рост меояд.
Таносуби пули нақд ва амалиёти ғайринақдӣ 75 фоиз ба 25 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ҳиссаи амалиёти ғайринақдӣ 8,4 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»