Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 28 июли соли 2022 дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, гуфт, ки то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 6112 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз ин шумора 500 адад корхонаҳои саноатӣ мебошанд, ки дар панҷ соли минбаъда бо ташкили зиёда аз 13 ҳазор ҷойи нави кор сохта мешаванд.
Соли ҷорӣ бунёди 132 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки қисме аз онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Ба саволи хабарнигори рӯзнома перомуни бо манзили зист таъмин намудани мутахассисони соҳаи маориф ва тандурустӣ раиси вилоят посух дод, ки дастгирии мутахассисон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор дорад.
- Агар хоҳем, ки соҳаҳои маориф ва тандурустиро бо кадрҳо таъмин намоем, бояд шароити омӯзгорон ва табибонро хуб намоем. Оид ба ин масъала дастуру супориш дода шудааст. Дар ҷамъбасти солона перомуни масъала боз натиҷагирӣ хоҳем кард, — гуфт раиси вилоят.
Рӯзноманигорон, инчунин вобаста ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, зиёд доғи судӣ гирифтани ҷавонон, ҳамкорӣ бо давлати ҳамсояи Ӯзбекистон, бебарқии чанде аз оилаҳо дар яке аз ноҳияҳои вилоят, бекоршавии қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, норасоии об, бунёди иншооти нотамом ва бо манзили зист таъмин намудани рӯзноманигорон ба раиси вилоят суол дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар фарҷом ба чанде аз рӯзноманигорони собиқадору ҷавон сипосномаю ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»