Аз нишастҳои матбуотӣ

Қурбон ҲАКИМЗОДА: «Содироти пиёз коҳиш ёфт»

№97 (4680) 02.08.2023

10- Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷумҳурӣ ба дигар кишварҳо 103 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 24,1 миллион доллари амрикоӣ содирот шуд, — гуфт вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода 31-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда афзуд, ки дар соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та содироти пиёз 19,6 фоиз коҳиш ёфт, вале содироти полезиҳо — 47,2, хушкмева — 26,5 ва меваҷот 51,2 фоиз афзудааст.

Зикр гардид, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар шаш моҳи аввали соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 18658,7 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд аст.

Гуфта шуд, ки дар ин давра маҳсулоти растанипарварӣ 13224,3 миллион сомонӣ ё 110,4 фоиз ва чорвопарварӣ 5434,4 миллион сомонӣ ё 102,4 фоизро ташкил дод.

Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 55,7 ва бахши аҳолӣ 44,3 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ ба 70,9 фоиз ва чорвопарварӣ ба 29,1 фоиз баробар гардид.

Ҳамчунин, илова шуд, ки суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба нишондиҳандаи суръати рушди ҳамин давраи соли гузашта 0,7 банди фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»