- Соли сипаришуда дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1946 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз он 436 муроҷиат хаттӣ ва 1510 муроҷиат шифоҳӣ мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода.
Бино ба гуфти ӯ, дар дастгоҳи марказии ВҲИ 651 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 244-тои он хаттӣ мебошад. Ба муроҷиатҳои хаттӣ бештар масъалаҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи судӣ — 34 муроҷиат (норозигӣ нисбат ба санадҳои судӣ, кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо, мусоидат барои баррасии одилонаи парванда ва ғайра), ҳуқуқ ба манзил — 32 муроҷиат (оид ба масъалаи маскун намудан ба манзил, ҷудо намудани ҳисса аз манзили истиқоматӣ, бартараф кардани монеа дар истифодаи манзил, аз худ кардани манзили истиқоматӣ аз ҷониби шахси дигар бо роҳи қаллобию сохтакорӣ, аъзои оилаи молик эътироф намудан, бекор кардани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ва ғайра) дохиланд.
Муроҷиатҳои шифоҳӣ ба масъалаҳои зерин тааллуқ доранд: ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ — 22 муроҷиат, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – 5, ҳуқуқ ба манзил — 44, ҳуқуқ ба муроҷиат -17, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ – 19 муроҷиат, — иброз дошт Умед Бобозода.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шаш шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ се намояндагӣ ва се қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»