Дар нимсолаи аввали соли 2021 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 5094 аснод ворид гардид, ки 3799 адади онро ариза ва 1017 ададашро муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 514 адад зиёд гардидааст. Қисми даромади буҷет дар ин давра, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 131 миллиону 864 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки аз нақша 38 миллиону 782 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷот 101 миллиону 414 ҳазор сомониро ташкил дод , ки 88 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар ин бора муовини раиси шаҳри Ваҳдат Давлат Холиқзода 12 июли соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.
- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 627 миллиону 390 ҳазор сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 224 миллиону 963 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар баробари ин, 21 корхона бинобар рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолшаванда, надоштани маблағу ашёи хом ва фарсуда гардидани таҷҳизот фаъолият накарда, нуҳ корхонаи дигар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам карданд, — иброз дошт номбурда.
Тибқи гузориши муовини раиси шаҳр, дар нимсолаи аввали соли 2021 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 326 миллиону 147 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пеш 60 миллиону 816 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар мавсими обёрӣ барои бо оби полезӣ таъмин намудани кишоварзон 9,8 км шабакаҳои обрасонӣ ва заҳкашу заҳбурҳо тоза, ҳолати мелиоративии 72 га замин беҳ гардида, панҷ иншооти гидротехникӣ ва ду пойгоҳи обкашӣ аз таъмир бароварда шуданд.
Бо мақсади назорати давлатии риояи талаботи қонунгузории замин санҷиш гузаронида шуда, 72 ҳолати қонунвайронкунӣ муайян ва ашхоси муҷрим 27,3 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону бунёди 612 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳол 454 адади он бо харҷи як миллиарду 883 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, — афзуд Давлат Холиқзода.
Ба суоли хабарнигорон дар бораи ҳолати ғайрисанитарии кӯчаҳои шаҳр ва атрофи бозори марказӣ, ду соҳили дарёи Кофарниҳон, шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Рашт ва Ваҳдат — Кӯлоб, ки партовҳои зиёди маишиву маҳсулоти кишоварзӣ ғарам гардидаанд, роҳбарияти Шуъбаи ҳифзи муҳити зист, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва «Корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр ҷавоб гуфта натавонистанд.
Инчунин, нарасидани китобҳои тозанашри бачагонро дар китобхонаҳои деҳоти шаҳр масъулин шарҳу тавзеҳ надоданд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»