Аз нишастҳои матбуотӣ

Вақте саволи журналист бе посух мемонад…

№26 (4766) 26.02.2024

WhatsApp Image 2024-02-15 at 15.01.46 (3)- Соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи Ёвон ба 4 миллиарду 105 миллиону 921 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2022-юм 155 миллиону 443 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 787 миллиону 785 ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 2 миллиарду 318 миллиону 136 ҳазор сомонӣ баробар гардид, — иброз дошт раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ 14 феврал зимни нишас­ти матбуотӣ.

Хабарнигори рӯзнома аз масъулин дар бобати вокуниш ба мақолаҳои танқидӣ, истифодаи нодурус­ти маб­лағи буҷет дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия, истифодаи заминҳои президентӣ, ғасби заминҳои муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ба ҳолати аввала баргардондани он пурсон шуд.

Раиси ­ноҳияи Ёвон гуфт, ки ба мақолаи «Тифлбаророн» расми нави мардумист? Дар ноҳияи Ёвон онро оммавӣ карданианд», ки дар шумораи №146 (4729) рӯзномаи «Садои мардум» аз 27 ноябри соли 2023 чоп шуда буд, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вокуниш шуд. Мутаассифона, раиси ноҳия ва дигар шахсони масъул бехабаранд, ки вокуниш ба рӯзномаи «Садои мардум» фиристода нашуда, 1 декабри соли 2023 дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҷойгир шудааст.

Вобаста ба саволи дуюм раиси ноҳия аз менеҷери КАТС-и ноҳия Иза­тулло Шарифов талаб кард, ки ба ин савол посух гӯяд, вале мавсуф чизе гуфта натавонист.

Раиси ноҳия ва дигар ­масъулон нисбат ба ду суоли дигар — истифодаи заминҳои президентӣ, ғасби заминҳои муассисаҳои таълимӣ ҷавоби дақиқ дода ­натавонистанд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»