Соли 2018 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 857 муроҷиати хаттӣ ва 2665 муроҷиати шифоҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуд. Ин нуктаро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода зимни нишасти матбуотӣ, ки 31 январ баргузор гардид, зикр кард.
Тазаккур дода шуд, ки аз 225 муроҷиати хаттии воридгардида, қисмати бештар ба масъалаҳои ҳуқуқ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (алимент) мансубанд. Дар муроҷиатҳои хаттӣ шаҳрвандон асосан аз фаъолияти мақомоти судӣ — 50 адад, корҳои дохилӣ — 24, прокуратура — 7 ва шахсони ҳуқуқӣ 7 адад шикоят намудаанд.
Зариф Ализода афзуд, ки айни замон дар нуҳ шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ се намояндагӣ ва шаш қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият мекунад. Ба онҳо шаҳрвандон асосан доир ба ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (алимент, нафақа, кумакпулӣ), ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи баҳсҳои меҳнатӣ ва амсоли инҳо муроҷиат кардаанд.
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони хориҷӣ — ваколатдорони ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия ва Қазоқистон, шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Свердловск, Ҷумҳурии Тотористон, омбудсменҳои Полша, Финляндия, Қирғизистон, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллӣ, аз ҷумла, Барномаи рушди СММ, Юнисеф, Созмони байналмилалии муҳоҷират, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, «ҲЕЛВЕТАС», Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ва дигарон хуб ба роҳ монда шудааст. Дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 (ихтисоси ҳуқуқи инсони факултети ҳуқуқшиносӣ) давраи таҷрибаомӯзиро дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гузаронданд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»