-Новобаста аз он ки ноҳияи Варзоб яке аз беҳтарин минтақаи сайёҳӣ ва туризм дар кишвари азизамон ва берун аз он машҳур шуда бошад ҳам, вале дар дили кӯҳсори он боз мавзеъҳое ҳастанд, ки тамошобобу диққатҷалбкунандатар мебошанд. Шаршараи Фанфароқ, ки дар ҳамин деҳа воқеъ гардидааст, манзараҳои дилчасп ва обу ҳавои форам дорад. Оби шаршара дар масоҳати 8 километр ҷорӣ шуда, ба дарёи Варзоб ҳамроҳ мешавад. Мавзеи Хоҷа Сангхок бошад дар миёни куҳҳои сарбафалаккашидаи мавзеи Зиддеҳ воқеъ гардида, дар ин ҷо чашмае ҷорист, ки аз қаъри замин берун омада, оби он шифобахшу дар таркибаш маъдан дорад, — изҳор намуд иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Даминзода зимни нишасти матбуотӣ 14 августи соли ҷорӣ.
Бино ба гуфти ӯ, дар ноҳияи Варзоб ҳазор минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 110 минтақаи истироҳатӣ оммавии мавсимӣ мебошад. Дар нимсолаи якуми соли 2023 ба минтақаи сайёҳӣ ва туризми Варзоб 31 037 нафар сайёҳон ташриф оварданд, ки аз ин 4658 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 26 379 нафар сайёҳони дохилӣ мебошанд.
Хусрав Даминзода изҳор дошт, ки дар нимсолаи якуми соли равон нақшаи даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 28 миллиону 598 ҳазору 283 сомонӣ иҷро гардида, аз нақшаи пешбинишуда 3 миллиону 863 ҳазору 284 сомонӣ зиёд мебошад. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ (субвенсия), ки тибқи нақша 9 миллиону 200 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, 100 фоиз таъмин гардид. Қисми хароҷоти буҷет 32 миллиону 645 ҳазору 174 сомонӣ иҷро шуда, аз нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 892 ҳазору 932 сомонӣ кам мебошад.
-Дар ҳудуди ноҳия 15 корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти саноатию сохтмонӣ, аз қабили ангишт, семент, маъдан, рег ва шағал машғул буда, ба маблағи 28 миллиону 371ҳазору 500 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллиону 414 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Се корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро то 112 фоиз зиёд карда, 5 корхона бинобар муфлисшавӣ фаъолият надоранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 32 миллиону 494 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад, ки ба 100,5 фоиз баробар мебошад, — ёдовар шуд Х. Даминзода.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»