Аз нишастҳои матбуотӣ

Варзоб. 76 ҳолати қонунвайронкунӣ дар истифодаи замин ошкор гардид

№24 (4444) 22.02.2022

DSC00191Соли сипаришуда дар ноҳияи Варзоб 15 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, аз он се корхона — Комбинати маъдантозакунии кӯҳии «Такоб», ҶДММ «39 Параллел» ва Комбинати металлургии «Такоб» пурра фаъолият карда, 12 корхонаи дигар ба таври мавсимӣ бо истеҳсоли хишт, хокаи ширеш, ангишт, оҳаксанг, семент, коркарди қуму шағал ва сангрезаҳои мармар машғул шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 75 миллиону 666900 сомонӣ таъмин намуданд. Ин нуктаро раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Бино ба гуфти ӯ, соли 2021 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 41 миллиону 369388 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020-ум 1 миллиону 587390 сомонӣ зиёд мебошад ва суръати афзоиш ба 103,9 фоиз баробар аст. Нақшаи солонаи қисми хароҷоти буҷет 49 миллиону 953612 сомонӣ иҷро гардида, назар ба соли пешин 373657 сомонӣ кам мебошад, ки 99,3 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Ҳамчунин, дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 16 миллиону 35853 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо гардид.

- Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2021 дар ноҳия истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 112 миллиону 461100 сомонӣ расид, ки дар қиёс ба соли 2020-ум 1 миллиону 309600 сомонӣ зиёд буда, афзоиш 1,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз ҷониби Кумитаи идораи замини ноҳия 76 ҳолати аз ҷониби шаҳрвандон вайрон кардани талаботи Кодекси замини ҷумҳурӣ ошкор гардида, нисбат ба 12 ҳолат бо моддаи 141, 56 ҳолат бо моддаи 148, 6 ҳолат бо моддаи 155 ва 2 ҳолат бо моддаи 162-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда тартиб дода шуд. Дар натиҷа, камбудиҳои мавҷуда бартараф ва гунаҳкорон 53540 сомонӣ ҷарима шуданд. Баъди ҷаримаситонӣ ва бинобар гузаштани муҳлати истифода, замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Соли сипаригардида дар ноҳия 1000 минтақаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 110-тои он минтақаи истироҳатӣ-оммавии мавсимӣ буда, минтақаҳои сайёҳиву истироҳатии «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва «Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара» фаъолияти доимӣ доштанд ва барои қабули меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити хубро фароҳам сохтанд. Мувофиқи маълумот, соли гузашта 106257 нафар сайёҳи дохилӣ ва 3743 нафар сайёҳи хориҷӣ ба минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳия ташриф оварданд ва аз ҳисоби хизматрасониҳо дар самти сайёҳӣ ба буҷети маҳаллӣ 3 миллиону 234459 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2020-ум 1 миллиону 452669 сомонӣ зиёд мебошад, — изҳор дошт раиси ноҳия.

Иттилоъ гирифтем, ки соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 168 ҷиноятро ба қайд гирифтанд, ки дар муқоиса ба соли 2020-ум 44 адад зиёд мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 63,6 фоизро ташкил дода, бештари онҳоро ҷавонон ва ноболиғон содир намудаанд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»