15 июли соли 2016 зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Варзоб Савзаалӣ Нозирзода изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли 2016-ум ба буҷети ноҳия аз рӯи 10 намуди сарчашмаи дохилӣ 8 миллиону 860568 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 87832 сомонӣ зиёд мебошад. Аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 6 миллиону 212097 сомонӣ маблағҳои мақсаднок ба нақша гирифта шуд, вале 5 миллиону 743685 сомонӣ ворид гардид.
- Дар ин давра ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг 13 миллиону 255228 сомонӣ равона гардидааст, ки 86,4 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад, — афзуд ӯ.
Раиси ноҳия дар идома зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар робита ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 таҳти №793 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар ноҳия 25 гектар боғ бунёд карда шуд. Омодагӣ ба тирамоҳу зимистони соли 2016-2017 хуб аст. Аллакай ба муассисаҳои таълимӣ ва тиббии ноҳия ворид намудани ангишт ва дигар масолеҳи сӯзишворӣ оғоз гардидааст. Таъмири муассисаҳои таълимӣ анҷом ёфтаст. Тибқи нақша бо либоси ягонаи мактабӣ то имрӯз 8 ҳазор хонанда таъмин шудааст.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»