Аз нишастҳои матбуотӣ

Варзоб: Имкони бунёди биноҳои баландошёна вуҷуд дорад

№29 (4612) 24.02.2023

ВАРЗОБАгар дар нишастҳои матбуотии қаблии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб роҳбарият аз дастоварду пешравиҳо, мушкилоти ҷойдошта ва иҷрои нақшаҳои пешбинишуда мужда медоданд, ин навбат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Шарифхон Сафарзода ба хабарнигорон аз хусуси вуҷуд доштани имкони бунёди биноҳои баландошёнаи замонавӣ дар ин минтақаи истироҳатию сайёҳии кишварамон иттилоъ дод.

Зимни рӯнамоии фаъолияти яксолаи соҳаҳои гуногуни ноҳия хабарнигорон аз дастовардҳои дигар низ огоҳ гардиданд. Барои мисол аз рӯи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи «Равзанаи ягона» дар ноҳия 1195 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондод дар муқоиса ба як соли пеш се адад зиёд мебошад. Аз тарафи соҳибкорон ба буҷети ноҳия 2 миллиону 270 ҳазору 554 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 41,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, аз тарафи филиали БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Варзоб барои дастгирии соҳибкорон ба 360 нафар, 4 миллиону 742 ҳазору 800 сомонӣ қарз ҷудо шуд.

- Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бунёду сохтмони 158 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон сохт­мони 20 иншоот идома дошта, 13 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд, — афзуд Шарифхон Сафарзода.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»