Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода 21 июли соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон нақшаи даромади буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ 23 миллиону 258 ҳазору 117 сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 379 ҳазору 617 сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти ноҳия 95 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 26 миллиону 992 ҳазору 979 сомонии муқарраргардида, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 25 миллиону 631 ҳазору 692 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
— Истеҳсоли махсулоти кишоварзӣ ба 29 миллиону 885 ҳазор сомонӣ баробар гардида, дар қиёс ба соли пешин 361 ҳазору 781 сомонӣ зиёд мебошад, ки афзоиши он 10,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт, шир, тухм аз нақшаи пешбинишуда аз 100 то 115 фоиз таъмин гардид. Қарзи музди меҳнати соҳаҳои буҷетии ноҳия ва пардохти андози иҷтимоӣ вуҷуд надорад, — гуфт ӯ.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ноҳияи Варзоб 1000 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 110 минтақаи он истироҳатии оммавӣ ва мавсимӣ буда, барои қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити хуб муҳайё сохтаанд. Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба минтақаҳои истироҳатӣ 81 ҳазору 388 нафар сайёҳони дохилӣ ва 4 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб доир ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди зиёда аз 158 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта, айни ҳол сохтмони 30 иншоот идома дошта, 7 иншоот дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ҳамчунин, дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар ноҳияи Варзоб бунёди 13 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.
-Дар шаш моҳи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 85 ҷиноятро ба қайд гирифтанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021-ум 24 ҳолат кам мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 89,05 фоизро ташкил дода, бештари онҳоро ҷавонон ва ноболиғон содир намудаанд, — ёдовар шуд Муҳаммадулло. Шерализода.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»