Муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ширинҷонзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2024-ум 696427 сар чорвои калони шохдор аз санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа 586 ҳолати гирифтори бемории буғумдард ошкор гардид.
Иброз дошт, ки айни замон вазъи солимии чорво дар хоҷагиҳои давлатӣ нисбати бемориҳои буғумдард ва сил нисбат ба солҳои пешин муътадил аст.
Бо мақсади эмин нигоҳ доштани вазъи солимии чорво, таъмини саривақтии чорабиниҳои зиддибемориҳо ва барҳам додани манбаъҳои эҳтимолии сироят дар соли 2024 ба маблағи 4 миллиону 471 ҳазору 914 сомонӣ маводи байторӣ харидорӣ ва ба шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас гардида, аз ин ҳисоб 19 миллиону 427 ҳазору 703 сар ҷонварон эмгузаронӣ шуданд.
М. ЗОКИР,
«Садои мардум»