Аз нишастҳои матбуотӣ

Вазир сабаби муҳоҷирати меҳнатии табибонро шарҳ дод

№96 (4516) 02.08.2022

1 (2)Сабаби муҳоҷирати меҳнатии табибонро, ки хабарнигорон дар нишасти матбуотии 27 июли соли 2022 аз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода пурсиданд, посух чунин буд: Ин масъала ба нарасидани кадрҳои тиббӣ дар дигар мамлакатҳо, мавҷудияти имтиёз ва барномаҳои махсуси ҷалбкунанда рабт дорад.

Вазир қайд намуд, ки соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи эпидемиологии бемории сироятии коронавирус муътадил буд, ки ин аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар ва фаъолияти пурмаҳсули кормандони соҳа шаҳодат медиҳад.

Бо мақсади беҳтар намудани заминаи ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ 19 июли соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳа сол аз сол зиёд гардида, соли 2022 барои соҳаи тандурустӣ 2 миллиарду 881 миллиону 390 ҳазор пешбинӣ гардид, ки нисбат ба соли гузашта 226 зиёд буда, ба муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бошад, дар ин давра 82 миллиону 169 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Дар 6 моҳи соли 2022 дар иншооти соҳа ба маблағи 9 миллиону 753 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расида, 61 муассиса ба истифода дода шуд.

Дар ҷумҳурӣ дар давраи мавриди назар 72908 нафар зан аз ташхиси фаросавтӣ гузаронида шуда, дар 779 нафари онҳо иллатҳои модарзодӣ муайян шуда, таваллуди 481 кӯдаки маъюб пешгирӣ шуд. Аз ҳисоби нуқсонҳои дарёфтгардида 87 ҳолат ба никоҳи хешу таборӣ рабт дорад.

39038 нафар шахсони никоҳшаванда аз муоинаи тиббӣ гузаронида, дар 378 нафар зардпарвин, 22 кас бо ВНМО, 15 нафар бемории рӯҳӣ ва як нафар бемории оташак муайян шуд.

Дар ин давра, оид ба риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбат ба 16992 шахси мутассадӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 1208285 сомонӣ ҷарима ба буҷет ворид гардид.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»