Аз нишастҳои матбуотӣ

Вазири маориф ва илм: «Дар Тоҷикобод чор мактаби нав бунёд мешавад»

№95 (4357) 22.07.2021

МаорифЗимни нишасти матбуотӣ, ки 16 июли соли 2021 дар Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти соҳа, аз ҷумла, вазъи таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгор, маблағгузории соҳа, сохтмону таъмири биноҳои таълимӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ савол дода, посух гирифтанд.

Аз ҷумла, дар ҷавоб ба вазъи таълиму тарбияи томактабӣ зикр гардид, ки яке аз мушкилоти асосӣ нокифоя будани маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тарбияи томактабӣ ва диққати ҷиддӣ надодани мутасаддиёни соҳа ба таҳсилоти томактабӣ мебошад. Махсусан дар деҳот вазъият беҳбудиро талаб менамояд.

- Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо омӯзгорон яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳа маҳсуб меёбад, — иброз дошт вазири маориф ва илм Муҳаммад­юсуф Имомзода.

Номбурда илова намуд, ки эҳтиёҷ ба кадр­ҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли таҳсили 2020 — 2021-ум 2166 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли таҳсили пеш 828 нафар кам мебошад.

Дар посух ба суоли хабарнигорон роҷеъ ба имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон вазир Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» — ро ёдрас шуда, иброз дошт, ки ҳар сол тибқи дархости раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, якҷо бо Вазорати молия ва БДАТ «Амонатбонк» ба омӯзгорони ҷавон қарзи имтиёзноки дарозмуддат дода мешавад. Маблағи бо ин мақсад ҷудошуда дар як сол ду миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он ба 333 омӯзгор мерасад.

Вазъи муассисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикобод, ки бар асари заминларза хароб шудаанд, аз масъалаҳои меҳварии нишаст буд.

- Ду рӯз пеш аз ноҳияи Тоҷикобод баргаштам. Ба минтақаи аз зилзила хисоротдида рафта, бо вазъи муассисаҳои таълимии зарардида аз наздик шинос шудам. Чор муассисаи таълимии мавқеи офат қобили таъмир нестанд ва онҳоро бояд аз нав бунёд намуд. Дар ноҳия, ҳамчунин, чор муассисаи таълимии дигар ниёз ба таъмири куллӣ дорад. Ба хулоса омадем, ки чор муассисаи ниёз ба таъмирро аз таъмири асосӣ бароварда, сохтмони мактабҳои навро рӯзҳои наздик шурӯъ намоем, — гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»