Аз нишастҳои матбуотӣ

ВКД аз 12482 ҷинояти бақайдгирифташуда 8316-тои онро ошкор кард

№89 (4509) 20.07.2022

DSC_9839    Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 19 июли соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 482 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1396 ҷиноят кам аст. Аз ин шумора мақомоти корҳои дохилӣ 8316 ҷиноятро ошкор намуданд.

Дар давраи зикршуда ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, таҷовуз ба номус, савдои одамон, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, дуздӣ, авбошӣ, қаллобӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва тамаъҷӯӣ зиёд ба қайд гирифта шуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ 1447 ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта муайян ва дастгир шуданд. Тибқи  маълумоти расмии оморӣ, се ҳазор нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  содир намудани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд.

Ҳамчунин,  дар шаш моҳи аввали соли равон 44 нафар аъзои созмонҳои террористиву экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Федератсияи Россия — 41 нафар, Мисри Араб -1, Ҷумҳурии Қазоқистон -1 ва Туркия 1 нафар қарор доштанд, дастгир ва ба Ватан баргардонида шуданд. Илова бар ин, сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ 109 нафар аъзои созмонҳои террористӣ ва экстремистиро дастгир карданд.

Тайи шаш моҳи аввали соли равон аз тарафи ҷавонон ё бо иштироки онҳо 1944 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 874 ҷиноят кам мебошад.

Зимнан, бар асари 482 ҳодисаи роҳу нақлиёт 180 шаҳрванд ба ҳалокат расида, 509 нафар ҷароҳати гуногун бардоштанд. Аз 472 ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 14 миллиону 394 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расидааст.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»