Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 22018 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба як соли пеш 262 ҷиноят зиёд мебошад. Сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 83,4 фоизро ташкил дод.
- Сарфи назар аз чорабиниҳои амалигардида ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор (108 ҳолат), роҳзанӣ (42), ғоратгарӣ (159), таҷовуз ба номус (53), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (132), авбошӣ (1231), дуздӣ (5311) ва қаллобӣ (2667 ҳолат) ба қайд гирифта шуд, — иброз дошт вазир.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар робита ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор изҳор дошт, ки соли гузашта аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз нашъаҷаллобон 2 тоннаю 700 кило мавод дарёфт ва мусодира шуд.
- Ҳамчунин, — афзуд ӯ, — дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории самаранок бо шаҳрвандон, аз аҳолӣ 1400 адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ нигоҳдошташаванда дарёфт ва мусодира гардид.
Инчунин, аз ҷониби ноболиғон 690 ва аз тарафи ҷавонон 5290 ҷиноят ба қайд гирифта шуд.
Тибқи маълумоти вазири корҳои дохилӣ, соли сипаришуда 1303 ҳодисаи нақлиётӣ рух додааст, ки бар асари он 431 нафар ба ҳалокат расида, 1400 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
- Дар 1508 ҳодисаи сӯхтор, ки соли гузашта рух дод, 28 нафар ҳалок шуд, ки 11 нафараш ноболиғ буд. Маблағи зарар зиёда аз 10 миллион сомониро ташкил намуда, беш аз 300 миллион сомонӣ молу мулки шаҳрвандон аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд, — гуфт вазири корҳои дохилӣ ва қисмати бештари вақтро ба посухи саволҳои хабарнигорон ҷудо кард, ки ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз қабили муносибати нозирони минтақавӣ, кормандони БДА бо шаҳрвандон, то дер беҷавоб мондани муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти алоҳидаи корҳои дохилӣ, дер ошкор шудани як қатор ҷиноятҳо, ислоҳоти милитсия ва ғайра бахшида шуд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»