-Гарчанде солҳои қаблӣ дар самти сафарбаркунии ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ камбудиҳо ҷой доштанд, аз соли 2018 ин монеаҳо пурра бартараф гардиданд. Соли гузашта даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми ду рӯз иҷро шуд, яъне, ВМКБ дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, нақшаи даъватро иҷро намуд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят полковник Рустам Мирзомуродзода.
- Дар маркази вилоят — шаҳри Хоруғ иҷрои нақша 130 фоизро ташкил дод. Аксарияти ҷавонон дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтанд.
Номбурда афзуд, ки тӯли сол дар ВМКБ 666 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, кушодашавии ҷиноятҳо 88, 4 фоизро ташкил намуд. Аз ҷумла, кушодашавии ҷиноятҳо бо роҳи оперативӣ 96, 9 фоизро дар бар гирифт. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ 56 нафар шахсе, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, дастгир шуданд.
Тайи соли гузашта 30 ҳолати дахолат, таҳқир намудан ва монеъ шудан ба фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан, дар дидбонгоҳҳои доимоамалкунандаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта, нисбат ба ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва барои баррасӣ ба судҳо ирсол шуданд. Аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва шахсони алоҳида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 447 адад силоҳи оташфишон ва лавозимоти дигари ҷангӣ, аз ҷумла, 62 автомати Калашников, 70 таппончаи Макаров, 151 милтиқи навъи «Тоз», 110 милтиқи шикорӣ, 45 карабин, ҳафт найзакорд, як пулемёт ва як гранатомёт мусодира гардид.
Дар самти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 53 ҷиноят ба қайд гирифта, аз муомилоти ғайриқонунӣ 245 килограмму 453 грамм маводи мухаддир мусодира карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор — 2019» бошад, 1 миллиону 500 ҳазор бех растании бангдонаи худрӯй бо вазни умумии 1 тоннаву 444 кг мусодира ва дар ҳузури ҳайати комиссия сӯзонда шуд. Инчунин, шаш ҳолати парвариши ғайриқонунии ниҳоли бангдона ошкор, вобаста ба ин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суд ирсол гардид. Ҳамзамон, 12 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии нашъаҷаллоби трансмиллӣ дар ҳайати 60 нафар аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуданд, ки ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Аз ин шумора 45 нафар сокинони вилоят мебошанд.
Рустам Мирзомуродзода, ҳамчунин, оид ба мубталоёни бемориҳои нашъамандӣ, майзадагӣ, вируси норасоии масунияти одам, ҷиноятҳои марбут ба қочоқи ғайриқонунии металлҳо, сангҳои қиматбаҳо, худсарона ишғол намудани қитъаи замину сохтмони ғайриқонунӣ, идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, муомилоти ғайриқонунии машруботи спиртӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон маълумоти муфассал дод.
- Дар ин давра аз ҳисоби шахсоне, ки аз бонкҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздор буданд, 18 миллион сомонӣ ситонида, ба суратҳисоби бонкҳо гузаронида шуд. Нисбат ба 59 сокини вилоят, бинобар саркашӣ намудан аз пардохти қарзи бонкӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, — гуфт ӯ.
М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»