Аз нишастҳои матбуотӣ

ВМКБ: Дар доираи 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ 876 иншоот бунёд мешаванд

№98 (4518) 08.08.2022

1Нишондиҳандаи рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёти ВМКБ дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ шуда, 809 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 12 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Мутаносибан, дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 9,5 фоиз, кишоварзӣ — 18,2, сохтмон — 23,7, таъминоти иҷтимоӣ — 28,7, самти хизмат­расонӣ — 12,7 ва дигар самтҳо 3,8 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар ин бора раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Мувофиқи тавзеҳоти раиси вилоят, нақшаи қисми даромади буҷети ВМКБ ба андозаи 105,6 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 59 миллиону 300 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 62 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ворид шуд.

Ба гуфтаи раиси вилоят, дар ин давра ба рушди соҳаи соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Дар вилоят 2 309 соҳибкори инфиродӣ тариқи патент ва 1264 соҳибкор бо шаҳодатномаи андозбандӣ ҷалб шуда, аз ҳисоби онҳо маблағи 3 миллиону 261 ҳазору 600 сомонӣ ба буҷет ворид гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 77 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 25,6 фоиз кам мебошад. Ин нишондиҳанда дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим нисбат ба соли 2021 афзоиш ва дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб коҳиш ёфтааст.

- Шумораи корхонаҳои саноатии вилоят соли 2014 — ум 24 ададро ташкил медод, ҳоло бошад, ба 65 адад расонида шудааст.

Тибқи нақшаи Мақомоти ­иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, соли 2022 бунёди 30 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бо фароҳам овардани 407 ҷои нави кор ба нақша гирифта шудааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2022-юм 10 корхонаву коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Амалӣ намудани лоиҳаҳо, ҷалби сармоя ва кор бо барномаҳои гуногун дар мадди назари роҳбарият қарор дошта, дар чорчӯбаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021-2025», ки 135 лоиҳаро дар бар мегирад, маблағи умумии 4 миллиарду 759 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бояд ҷалб карда шавад.

Барои таъмири роҳҳои автомобилгард дар шаш моҳи аввали соли 2022 маблағи 1 миллиону 385 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин давра, пас аз таҷдид, қисмати роҳи автомобилгарди Ёгед то Қалъаи Хумб ба масофаи 25,6 километр бо арзиши харҷномавии 31 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, сохтмони 17 кӯпрук аз ҳисоби Вазорати нақлиёт ва Бонки ҷаҳонӣ бо арзиши лоиҳавии 20 миллиону 444 ҳазор доллари ИМА дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб идома дошта, моҳи июли соли равон 84,5 фоиз корҳои сохтмонӣ амалӣ гардиданд.

Раиси ВМКБ иброз дошт, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расида, дар доираи он сохтмони 876 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»