Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2024 бо иштироки Роҳбари давлат ва дар доираи сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ зиёда аз 100 иншооти нави таъиноти гуногун ифтитоҳ гардида, ба панҷ иншооти муҳим санги асос гузоша шуд.
Дар ин давра иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ аз рӯи даромадҳои худӣ 107,9 фоиз ва қисми хароҷоти он 98 фоиз таъмин гардида, пасандозҳои шаҳрвандон дар филиалҳои бонкҳо нисбат ба соли 2023-юм 26,3 фоиз афзоиш ёфта, ба 495,4 млн. сомонӣ баробар гардид.
- Соли гузашта ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ диққати зарурӣ дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳо 43 корхонаю коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 235 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Соли сипаришуда ба иқтисоди вилоят 3,7 млрд. сомонӣ маблағ ҷалб гардида, маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 2 млрд. 501,9 млн. сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2023-юм 765,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Соли 2025 бошад, бо дастгирии Ҳукумати кишвар тасмим дорем боз 50 иншооти дигари саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 700 ҷойи нави корӣ бунёд намоем . Таъсиси ду парки саноатӣ дар ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа аз ҷумлаи ин ҳадафҳост, — афзуд раиси ВМКБ.
Ҳоло корҳои бунёдӣ дар иншооти стратегии вилоят, аз қабили шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ-Кулма» аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи ноҳияи Рӯшон, долонҳои зиддитармавию пул ва 4 км роҳ дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пули калони мошингузар дар шаҳри Хоруғ, НБО «Себзор»-и ноҳияи Роштқалъа ва неругоҳҳои офтобию бодӣ дар ноҳияи Мурғоб, босуръат идома доранд. Маблағи бунёди ин иншооти муҳим 4 миллиард сомонӣ буда, дар онҳо зиёда аз 1 ҳазору 741 нафар фаъолият доранд, ки 80 фоизи онҳоро сокинони вилоят ташкил медиҳанд.
Ба бунёди гармхонаҳои инноватсионӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гашта, соли 2024-ум 65 гармхонаи нав дар 1,5 га сохта шуда, соли равон боз ташкили 50 гармхонаи нав дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар мебошад.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»