Аз нишастҳои матбуотӣ

Воридкунандаи асосии молу маҳсулот ба Тоҷикистон кадом кишвар аст?

№101 (4363) 05.08.2021

DSC_6971Дар нишасти матбуотии Хадамоти гумрук, ки 30 июли соли 2021 баргузор шуд, иттилоъ доданд, ки аз ҳаҷми умумии содирот 23 фоиз ё 240,1 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 77 фоиз ё 808,4 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Қисмати асосии содироти мол ба Швейтсария 50,9 фоиз, Қазоқистон — 15,4, Туркия — 11,1, Хитой — 4,5, Ӯзбекистон — 4,3, Белгия — 3,5 ва Афғонистон 3,2 фоизро ташкил медиҳад.

Аз шарҳи сардори хадамоти зикршуда генерал — лейтенант Хуршед Каримзода бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 111 кишвари ҷаҳон табодули молу маҳсулотро ба роҳ монда, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 161,6 миллион доллар маъдану консентрат, 74,3 миллион — нахи пахта, 72,6 миллион — алюминий, 27,0 миллион — семент, 24,8 миллион — ресмони пахтагӣ ва 12,2 миллион доллар меваю сабзавот содирот кард.

Доир ба каму зиёдшавии нишондиҳандаҳо зикр шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта содироти мол ба Италия ба маблағи 1,5 миллион доллар, Қирғизистон — 0,6 миллион, Латвия — 2,6 миллион ва Ветнам 1,4 миллион доллар коҳиш ёфта, бо Қазоқистон 76,2 миллион доллар, Хитой — 30,3 миллион, Белгия — 23,2 миллион, Туркия — 12,3 миллион, Ӯзбекистон — 16,7 миллион, Россия — 11,0 миллион, Амороти Муттаҳидаи Араб — 5,4 миллион ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 2,0 миллион доллар афзуд.

Аз хориҷи кишвар 95 номгӯи молу маҳсулот, аз қабили маҳсулоти нефтӣ ба маблағи 145,7 миллион доллар, гандум — 108,2 миллион, гази моеъ — 103,8 миллион, воситаҳои нақлиёти сабукрав — 66,7 миллион, оксиди алюминий (глинозем) — 35,7 миллион, равғани рустанӣ — 52,9 миллион, чӯбу тахта — 33,2 миллион, шакар — 41,4 миллион, нуриҳои минералӣ — 29,0 миллион ва меваю сабзавот 23,9 миллион доллар ворид гардид.

Воридоти асосии мол аз Федератсияи Россия 26,5 фоиз, Қазоқис­тон — 21,3, Хитой — 17,2, Ӯзбекистон — 9,2, Туркия — 3,7, Олмон — 3,1, Ҳиндустон — 3,5, Ҷопон — 2,2, Ҷумҳурии Корея — 1,2, Амрико — 1,2, Эрон — 1,4 ва Беларус 1 фоиз сурат гирифтааст.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»