Аз нишастҳои матбуотӣ

Воридоти маҳсулоти гӯштӣ кам шудааст

№96 (4836) 05.08.2024

12- Дар шаш моҳи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар 4723 тонна маҳсулоти гӯштӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 169 тонна кам мебошад. Маҳсулоти гӯштӣ ба ҷумҳурии мо асосан аз Федератсияи Россия, Беларус, Туркия ва Украина ворид мешавад, — иброз намуд раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода 24-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Дар ин давра ба мамлакат 1 миллиону 748 ҳазору 150 сар чӯҷаи якрӯза, 9 миллиону 460 ҳазору 162 дона тухм, 4882,6 тонна маҳсулот аз моҳӣ, 354 ҳазору 612 тонна хӯроки чорво, 457 ҳазору 115 тонна гандум, 73 ҳазору 129 тонна шакар, 56 ҳазору 412 тонна картошка ва ғайра ворид гардид, ки мавриди ташхиси дақиқ қарор дода шудааст.

Барои вайрон намудани қоидаҳои байторию фитосанитарӣ ҳангоми воридот дар давраи мавриди назар нисбат ба 54 соҳибкор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 98 ҳазору 616 сомонӣ ба буҷет ворид гардид.

Муҳаммадсаид Файзуллозода қайд намуд, ки дар нимсолаи аввал аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 36419 тонна меваи хушк содирот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14720 тонна зиёд аст.

Инчунин, аз мамлакат 24 ҳазору 81 тонна нахи пахта содирот гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида 4193 тонна кам мебошад. Сабаби кам содирот шудани нахи пахта агар аз як тараф, паст гардидани нархи он дар бозори ҷаҳонӣ бошад, аз ҷониби дигар, дар дохили ҷумҳурӣ афзудани шумораи корхонаҳои нассоҷӣ мебошад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»