Аз нишастҳои матбуотӣ

Воридоти мол коҳиш ёфт

№12(3649) 04.02.2017

DSC_0460Соли гузашта сарфи назар аз таъсири равандҳои глобалӣ рушди мусбат дар иқтисоди миллӣ таъмин карда шуд, -  гуфт дар нишасти матбуотӣ вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, ки 31 январи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Барои тақвияти ин гуфта зикр шуд, ки рушди иқтисоди ҷумҳурӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузориҳо  ба сармояи асосӣ 20,3 фоиз, маҳсулоти саноатӣ- 16, гардиши савдои чакана — 6,4 ва маҳсулоти кишоварзӣ 5,2 фоиз таъмин гардид. Ҳиссаи истеҳсоли молҳо дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 47 фоиз, хизматрасониҳо — 41,7 ва андоз — 11,3 фоизро ташкил дод.  Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2016 ба 15,1 млрд. сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба як соли пеш ба 116 фоиз баробар гардид. Соли 2016 гардиши савдои хориҷӣ дар муқоиса ба соли 2015-ум 9,2 фоиз коҳиш ёфта, 3929, 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.  Дар ин давра ҳаҷми содироти мол нисбат ба як соли қаблӣ 0,9  афзоиш ёфта, воридот нисбат ба соли 2015-ум 11,8 фоиз коҳиш ёфт.

Соли 2016 – ум 51 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шудааст, ки аз онҳо 31 лоиҳа қабул гардида, 9 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 11 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд, — иброз дошт Неъматулло Ҳикматуллозода.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»