Дар нишасти матбуотие, ки 13 июли соли равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ба пешгирии ифлосшавии ҳаво бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Зикр шуд, ки зиёда аз 60 дарсади ифлосшавии ҳаво дар мамлакат ба соҳаи нақлиёт рост меояд. Бо мақсади пешгирии тамбашавии автомобилҳо дар роҳ ва ифлосшавии ҳаво чанд соли охир дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе автобусҳои замонавии истеҳсоли Тоҷикистону Туркия ва троллейбусҳои истеҳсоли Беларус, ки бе пайвастшавӣ ба сим (ноқил) метавонанд 15-20 километр ҳаракат кунанд, ба мусофирон хизмат мерасонанд.
- Ҳоло дар бисёр кишварҳо теъдоди истифодабарандагони электромобил афзуда истодааст. Вобаста ба зиёд шудани истеҳсоли мошинҳои барқӣ нархи онҳо низ торафт арзон мешавад. Аз ин рӯ, воридоти ин намуди нақлиёт низ дар мамлакат вусъат хоҳад ёфт, — гуфт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода.
Зикр гардид, ки аз тирамоҳи соли 2020 то баҳори соли равон дар ҷумҳурӣ ба ҷои 1 миллиону 413166 бех ниҳоли ба нақша гирифташуда, 1 миллиону 797279 бех ниҳоли дарахтони ороишию мевадиҳанда шинонида шудааст, ки ҳолати сабзиши 70 дарсади онҳо хуб мебошад.
Бо мақсади беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 875 аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар он 314 ҳазору 540 шаҳрванд ширкат варзида, зиёда аз 4327,93 метри кубӣ партовҳои истеъмолӣ ва сахти маишӣ аз кӯчаю маҳаллаҳо ҷамъоварӣ гардид.
- Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 73 партовгоҳи сахти маишӣ мавҷуданд, ки масоҳаташон 300 гектарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 1707 нуқтаи муваққатии партовҷамъкунӣ ҳаст, ки дар онҳо рӯзе 620-700 тонна партов ҷамъ мешавад, — гуфт Баҳодур Шерализода.
Сайфиддин Суннатӣ,
«Садои мардум»