Дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14 июли соли 2021 баргузор гардид, муовини якуми сардори хадамот Сафаралӣ Қурбонзода оид ба рақобат, танзими фаъолияти инҳисоротӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ сухан ронд.
Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки дар ин муддат ба ҷумҳурӣ 20,2 ҳазор тонна орд ба маблағи 5,3 миллион доллари ИМА ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 ҳазор тонна кам мебошад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти воридгардида 98,8 фоиз ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва 1,2 фоиз ба Федератсияи Россия рост меояд. Инчунин, дар ин давра ба ҷумҳурӣ 441, 4 ҳазор тонна гандум ба маблағи 108,2 миллион доллари ИМА ворид карда шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам аст.
Аз рӯи санҷишҳои гузаронидашуда, ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ ошкор гардида, ҷарима аз ҳисоби протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ 418, 2 ҳазор сомониро ташкил дод.
Маълум гардид, ки ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2020 «Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» дар давраи мавриди назар корҳои зарурӣ то ҷое амалӣ гардидаанд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»