То ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 78 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 42 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дошта, ки дар доираи онҳо соли 2021 беш аз 5 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода 11 феврали соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, соли гузашта ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ созишномаҳои қарзиву грантӣ ва кумаки техникӣ ба имзо расид, ки зиёда аз 88 дарсади онро маблағи грантӣ ташкил медиҳад.
- Соли 2021 ба ҷумҳурӣ беш аз 700 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 340 миллион доллари он сармояи мустақим мебошад. Воридоти сармояи хориҷӣ нисбат ба соли 2020 тамоюли афзоиш дошта, зиёдшавӣ беш аз 280 миллион доллар, аз ҷумла сармояи мустақим 179,7 миллион ва дигар намуди сармояҳо 110,6 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 210 миллион доллар, Туркия — 25 миллион, Швейтсария — 21 миллион, Фаронса — 19 миллион, Кипр — 10 миллион ва Британияи Кабир 6 миллион доллар сармояи мустақим ворид гардид. Сармояи мустақим асосан ба соҳаҳои истихроҷи маъдан, саноати коркард, сохтмон равона шудаанд, — зикр кард номбурда ва афзуд, ки бо мақсади рушди соҳаҳои истеҳсолӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар чор созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 160 миллион доллари ИМА дар самти истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, таъсиси гармхонаҳои инноватсионӣ истеҳсол чорво ва таъсиси корхонаи коркарди маъдан ба имзо расид. Ҳамчунин, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои бунёди корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамкорӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ монда шудааст.
Бо мавриди татбиқ қарор гирифтани лоиҳаҳои мазкур ташкил шудани беш аз 3500 ҷойи кори нав дар назар аст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»