Дар нимсолаи якуми соли равон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд бо шарикони стратегӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар бахши сайёҳӣ 19 санади ҳамкорӣ таҳия гардид. Ин нуктаро раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод панҷуми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Номбурда ёдовар шуд, ки то имрӯз шумораи умумии санадҳои ҳамкории бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Швейтсария, Фаронса, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Беларус, Қатар, Италия ва Созмони ҳамкории Шанхай, баимзорасида 20 ададро ташкил медиҳад.
- Дар нимсолаи аввали соли 2024 ба ҷумҳурӣ 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин 580,5 ҳазор нафарашон тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,1 фоиз зиёд мебошад, — иброз намуд номбурда.
Зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ 214 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд. 101 адад дар шаҳри Душанбе, 46 — вилояти Суғд, 41 — ВМКБ, 17 — вилояти Хатлон ва 9 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ. Мутаассифона, дар 34 шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкатҳои сайёҳӣ таъсис наёфтаанд.
Дар мамлакат 338 иншооти хизматрасонии сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 209 меҳмонхона, 46 ҳостел, мотел, 54 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакон, лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳиву истироҳатӣ мебошанд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»