Аз нишастҳои матбуотӣ

Восеъ. 2860 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шуд

№ 27.07.2022

ВОСЕЪ- Дар ним­­солаи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Восеъ ба 59 миллиону 626 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллиону 497 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар ноҳия 37 корхонаи хурду бузурги саноатӣ мавҷуд буда, корхонаҳои пахтатозакунӣ аслан мавсимӣ фаъолият мекунанд. Дар корхонаҳо 552 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъминанд, — гуфт раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ 22 июли соли 2022.

Ӯ, ҳамчунин, зикр кард, ки дар шаш моҳи сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 369 миллиону 662 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60 миллиону 82 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

- Кишоварзони ноҳия дар ин давра ба хориҷи кишвар 2 ҳазору 860 тонна маҳсулот содирот намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 1497 тонна гӯшт, 13 ҳазору 525 тонна шир, 1 миллиону 718 ҳазору 600 дона тухм, 233,2 тонна пашм, 4,8 тонна пилла, 9,3 тонна асал ва 16,3 тонна моҳӣ истеҳсол гардид.

Ҳоло дар ҳама бахши хоҷагидории ­ноҳияи Восеъ 48 ҳазору 285 сар чорвои калони шохдор, 106 ҳазору 246 сар бузу гӯсфанд, 70 ҳазору 477 сар паранда, 1943 сар асп ва 2602 оилаи занбӯри асал мавҷуданд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»