Аз нишастҳои матбуотӣ

Восеъ. Ҳафт корхонаи саноатӣ таъсис ёфт

№24 (4286) 23.02.2021

davРаиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло зимни нишасти матбуотӣ, ки 15 феврал баргузор гардид, изҳор дошт, ки соли равон бо мақсади рушди соҳаи саноат дар ноҳия аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 7 корхонаи нави саноатӣ бо фарогирии 85 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 96,5 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 миллион сомонӣ зиёд аст.

- Иҷрои нақшаи андоз бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 103,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 44 миллиону 314,6 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 1 млн. 484 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт Ш. Азизулло.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 945,3 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2019 – ум 94,9 миллион сомонӣ зиёд гардид. Инчунин, дар ҳама бахши соҳаи кишоварзии ноҳия дар майдони 27 ҳазору 864 гектар кишти зироатҳои гуногун ба роҳ монда шуд. Ба хориҷи кишвар 2560 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид.

- Бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ айни замон дар ноҳия 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи он 34,5 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад, — иттилоъ дод Шарбатулло Азизулло.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»