Соли 2019 як миллиону 257 ҳазору 300 сайёҳ аз кишвари мо дидан карданд, ки нисбат ба як соли пеш 219,7 ҳазор нафар ё 21,5 дарсад зиёд мебошад. Дар ин бора раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ҳафтуми феврали соли равон иттилоъ дод.
Бино ба гуфти ӯ, тибқи арзёбии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар моҳҳои январ-декабри соли сипаришуда ҳиссаи соҳаҳое, ки хизматрасонии сайёҳӣ доранд, дар ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна 10,4 дарсад ва ҳиссаи бевоситаи бахши сайёҳӣ 2,2 дарсадро ташкил медиҳад.
- Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, инфрасохтори соҳа, аз Бонки ҷаҳонӣ 15 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва Бонки осиёии рушд 10 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи «Рушди соҳаи сайёҳӣ» ҳамчун грант ҷалб мегардад, — зикр кард номбурда.
Қайд гардид, ки соли 2019-ум 282 субъект ба сайёҳон хизмат расонидаанд. Дар ин давра шумораи ҳуҷраҳо дар субъектҳои хизматрасонӣ 7635 адад ва шумораи катҳо 16470 ададро ташкил додааст, ки нисбат ба соли пеш мутаносибан 684 ва 1042 адад зиёд мебошад.
Бино ба гуфти номбурда соли 2019-ум 58 ширкати нав таъсис ёфтааст ва шумораи умумии ширкатҳои сайёҳӣ ба 202 адад расидааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»