Аз нишастҳои матбуотӣ

Ёдгор Файзов: «Мардуми ВМКБ ҳамеша ҷонибдори сиёсати созандаанд»

№95 (4201) 08.08.2020

файзов- Шашмоҳаи аввали соли равон бинобар хурӯҷи бемории COVID — 19 барои мардуми ҷаҳон хеле вазнин гузашт ва табиист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. дар канор намонд. Мутаассифона, 26 сокини вилоят бар асари ин беморӣ фавтиданд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси вилоят Ёдгор Файзов.

- Дар ҳамин давраи ҳассос вилоят пайваста дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон қарор дошт. Аз ин лиҳоз, муяссар шуд, ки нақшаи андоз­ро иҷро намуда, бо сармоягузорон ва шарикони рушд равобити судманд барқарор намоем, — афзуд ӯ.

Тибқи гузориши раиси вилоят, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ, ки 109 лоиҳаро бо маблағи умумии 4080, 8 миллион сомонӣ дар бар мегирад, 49 лоиҳа ба маблағи 342, 2 миллион сомонӣ барои бахши иқтисод, 34 лоиҳа ба маблағи 114, 4 миллион сомонӣ барои бахши иҷтимоӣ, 16 лоиҳа ба маблағи 3 408,0 миллион сомонӣ барои рушди инфрасохтор, панҷ лоиҳа ба маблағи 2,7 млн. сомонӣ барои ҳифзи муҳити зист ва панҷ лоиҳа ба маблағи 213,5 млн. сомонӣ барои бахши ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудааст.

Зикр гардид, ки дар давоми шаш моҳ садҳо сайёҳ ба ВМКБ ташриф оварда, бо таассуроти хуб баргаштанд. Чорабиниҳои сиёсӣ, маъракаи интихоботи вакилони халқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар сатҳи хеле баланд баргузор шуданд. Вилоят чун анъана нақшаи даъвати баҳории ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ аввалин шуда таъмин намуд.

- Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон ва дар умум, мардуми вилоят ҳамеша ҷонибдори сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд,- таъкид кард раис.

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноки замин соли равон дар 4 ҳазору 798 гектар кишти картошка гузаронида шуд. Инчунин, дар назар аст, ки соли 2021 дар ноҳияи Дарвоз зиёда аз 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят 45 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, аммо бо сабаби нокифоя будани қувваи корӣ ва ҳаҷми истеҳсол, аксарият ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд. Соли 2019 дар вилоят 16 коргоҳ таъсис дода шуд, имсол бошад, сохтмони нуҳ коргоҳи дигар дар назар аст. Боиси хушист, ки дар сохт­мони театри вилоятӣ ба маблағи зиёда аз 4 миллион сомонӣ сангҳои маҳаллӣ истифода шудааст ва минбаъд дар сохт­монҳои дигари вилоят низ ин таҷриба мавриди корбурд қарор мегирад.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»