Маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 454,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 — ум 111,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 110,3 фоиз иҷро шуд, — иброз намуд муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зимни нишасти матбуотие, ки 4 августи соли 2021 доир шуд.
Зикр шуд, ки ҳоло дар вилоят 57 корхонаи саноатӣ мавҷуданд, ки аз онҳо панҷ адад аз кор бозмондаанд. Инчунин, 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 267,7 млн. сомонӣ амалӣ шуда истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду адад зиёдтар мебошад.
- Наметавон гуфт, ки заминҳои вилоят сад фисад оқилона истифода шуданд, вале маърифати боғдорию зироаткорӣ боло рафта, бунёди гармхонаҳои замонавӣ тавсеа ёфта, дар умум, муносибат ба истифодаи замин беҳбуд ёфт, — тавзеҳ дод Ё. Файзов.
Баланд шудани нарху наво ташвишовар арзёбӣ шуда, қайд гардид, ки гаронии маҳсулоти озуқа ва сӯзишворӣ аз масоили умдаанд.
Бо сабаби норасоии об ва фарсуда гаштани системаи обу ташноби маркази вилоят қисме аз аҳолии шаҳри Хоруғ бо норасоии об мувоҷеҳанд. Аз ин рӯ, иваз кардани системаи обу ташноби шаҳр босуръат идома дошта, 18 миллион доллари ИМА бо ин мақсад равона шудааст.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»