- Истеҳсоли маҳсулоти хушсифати саноатӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи корхонаву коргоҳҳои саноатии кишварамон мебошад. Соли 2022 корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи 1 миллиарду 749 миллиону 216,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2021-ум 114 миллиону 527 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 107 фоизро ташкил медиҳад, — изҳор дошт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ 16-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта шуд, ки соли 2022 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 3 миллиарду 532 миллиону 282 ҳазор сомонӣ расид, ки назар ба як соли пеш 246 миллиону 282 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 102,5 фоиз ва даромади андозҳои буҷети давлатӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,2 фоиз таъмин гардид. Шабакаҳои барқ ва тақсимоти барқи ноҳия дар ин давра 580,54 миллион кВт/с неруи барқ қабул карда, аз ин 433,38 миллион кВт/с барқи фоиданок буда, 25,34 фоизи онро талафот ташкил медиҳад. Маблағи ҳисобшуда 185 миллиону 196,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз аҳолӣ 21 миллиону 481,6 ҳазор сомониро ташкил дода, то имрӯз 20 миллиону 643,8 ҳазор сомонӣ ё 96,1 фоизи он ҷамъоварӣ шудааст. Аз ҷониби корхонаву идораҳо 175 миллиону 167,4 ҳазор сомонӣ ё 94,6 фоиз пардохт шуда бошад ҳам, вале қарз аз истифодаи неруи барқ то ҳол ҷой дошта, он 10 миллиону 22 ҳазор сомонӣ аст.
Журналистон оид ба вазъи ногувори кӯчаҳои маркази ноҳия, дарёи Ёвонрӯд, наҳри калони гардиши кӯчаи Каром Мирзоев ва чанде аз биноҳои маркази ноҳия суолҳо пешниҳод карданд. Барои ҷавоби мушаххас пайдо кардан Бахтиёр Шарифӣ ба масъулон такя кард, вале нафаре аз онҳо дар нишасти матбуотӣ ширкат надоштанд.
З. Муҳаммад,
«Садои мардум»