30-юми январи соли равон нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашӯрзода дар хусуси иҷрои буҷети ноҳия зикр кард, ки соли 2022 қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба қадри 101,1 фоиз таъмин гардида, аз нақша 601,5 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид шуд. Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ бошад, 44 миллиону 450 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра ба буҷети давлатӣ 44 миллиону 679,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки 100,5 фоизи дурнаморо ташкил намуд.
Инчунин, иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ 108 фоиз таъмин гардид, ки аз нақша 2 миллиону 587,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба маблағи 55 миллиону 923,7 ҳазор сомонӣ иҷро гардид.
Дар ин давра истеҳсоли нахи пахта 80639,6 тонна ва пунбадона 12904,7 тоннаро ташкил дод.
Раиси ноҳия иттилоъ дод, ки дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 731 миллиону 968 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96 миллиону 326 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Хоҷагиҳои пахтакори ноҳия дар мавсими соли 2022 дар 13943 гектар тухмиҳои серҳосили навъҳои «Мая», «Султон», «Синюза-39», «Хуҷанд-67» кишт намуда, ба корхонаҳои коркарди пахта 31020 тонна ашёи хом супорида, дурнамои солонаро ба андозаи 101,5 фоиз иҷро намуданд. Ҳосилнокии миёна дар ноҳия аз ҳар гектар 22,2 сентнериро ташкил намуда, истеҳсоли пахта ба 5506 тонна расид.
Комрони АСЛОН,
«Садои мардум»