Нишасти матбуотӣ

Захираҳо ниёз ба бозҳисобӣ доранд

№90 (3570) 15.07.2016

6112ED5F-2CB8-4981-B5E5-17B7740B3CC4_mw1024_mh1024_sЗахираи конҳои замони шӯравӣ ҳисобишуда ба бозҳисобӣ ниёз дошта, бо ин мақсад Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони олмонӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Дар ин бора сардори Саридораи геология Ҷумъа­зода Мурод Хол зимни нишасти матбуотӣ 12 июли соли 2016 иттилоъ дод. Номбурда ҳамчунин гуфт, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ Саридораи геология аз ҳисоби Буҷети давлатӣ аз рӯи 34 лоиҳа ба маблағи 4923543 сомонӣ ва ба тариқи шартномавӣ аз рӯи 88 лоиҳа дар ҳаҷми 6944573  сомонӣ корҳоро иҷро намудааст.

- Дар маҷмӯъ, бо усули хоҷагидорӣ ба маблағи 11767090 сомонӣ  корҳо анҷом дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61870 сомонӣ  кам мебошад, — изҳор дошт Ҷумъазода Мурод Хол.

Бино ба гуфти ӯ, гуфтушунидҳо бо шарикони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, ширкатҳо ва хадамоту идораҳои геологии Ҷумҳурии Халқии Хитой, Олмон, Финландия, Британияи Кабир, Россия, Эрон ва ғайра оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геология доир гардид, ки дурнамояшон нек аст.

Маълум шуд, ки дар шашмоҳаи аввал дар Шӯрои илмӣ-техникии Саридора 21 лоиҳаи омӯзиши геологӣ, 13 ҳисоботи геологӣ  ва 3 ҳисоботи иттилоотӣ баррасӣ гардидааст. Дар Корхонаи давлатии захираҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ҳисобот аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳояшон тасдиқ гардидаанд.

 

 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»