Аз нишастҳои матбуотӣ

Зарари молиявӣ 90,2 фоиз барқарор гашт

№18 (4280) 09.02.2021

DSC_1514Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 272 чорабинии аудиторӣ гузаронида, ба маблағи 252,3 миллион сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 36 адад ва 18,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин бора раиси он Қарахон Чилазода 4 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, аз маб­лағи умумии зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ — 78,6 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ — 42,4 миллион, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ — 32,8 миллион, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ — 2,8 миллион, талафи воситаҳои пулию молӣ — 5,2 миллион, талафи буҷет аз ҳисоби маб­лағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо — 51,3 миллион, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо — 38,4 миллион ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 779,2 ҳазор сомониро ташкил додааст.

- Барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 227,5 миллион сомонӣ барқарор карда шуд, ки 90,2 фоизи маблағи умумии зарари молиявиро ташкил медиҳад. Инчунин, тибқи чораҳои андешидашуда, аз ҳисоби захираҳои молиявии ошкоргардидаи солҳои қаблӣ 11,6 миллион сомонӣ барқарор шуд.

Қарахон Чилазода, ҳамчунин, зикр кард, ки дар ин давра ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо пешниҳодҳо ирсол шуда, аз баррасии онҳо бо иштироки кормандони Палатаи ҳисоб 72 қарору фармон қабул гардида, барои содир намудани камбудиҳо ба 374 нафар муҷозоти интизомию моддӣ татбиқ ва 4 нафар аз вазифаи ишғолкарда озод шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»